Соли 2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ

12.09.2024

Як маълумот

Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» соли 2009 қабул шуда, аз 10 боб ва 59 модда иборат аст ва асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти бонкиро муайян менамояд.

Моддаи 55. Ҳимояи манфиати муштариён

  1. Муносибати муштариён бо ташкилоти қарзӣ дар асоси шартнома сурат мегирад, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. (Қонун №782 аз 26.12.11с.);
  2. Муҳлат ва меъёрҳои фоизии қарзҳо, амонатҳо, пасандозҳо, инчунин, ҳаққи хизмат аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар шартнома бо муштарӣ муқаррар карда мешаванд. (Қонун №782 аз 26.12.11с.);
  3. Пеш аз оғози хизматрасонӣ ташкилоти қарзӣ ба муштарии худ ҳатман дар бораи хизматрасонии пешниҳодшаванда, аз ҷумла дар бораи ҳаққи хизмат, меъёрҳои фоизӣ ва дигар хароҷоти иловагии муштарӣ хабар медиҳад. (Қонун №1549 аз 3.08.18с.);
  4. Ташкилоти қарзӣ уҳдадор аст, интиқоли маблағи муштарӣ ва ба суратҳисоби вай гузаронидани маблағро на дертар аз рӯзи дигари гирифтани ҳуҷҷати дахлдори пардохт амалӣ намояд, агар дар қонунгузорӣ, шартнома ё ҳуҷҷати пардохт муҳлати дигар муқаррар нашуда бошад. (Қонун №782 аз 26.12.11с.)…

Соли 2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот