Бо Намояндагии ширкати «JAC Motors» созишномаи ҳамкорӣ бастем

31.05.2024

Бо хушҳолӣ ба шумо хабар медиҳем, ки миёни ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ва Намояндагии ширкати «JAC Motors»-и Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар асоси ин созишнома акнун автомобилҳои истеҳсолии ин ширкати машҳури ҷаҳонӣ дар доираи иқдомҳои қарзии Бонк бо шароитҳои дастрас ба аҳолии кишвар пешниҳод мегарданд.

Намояндагии «JAC Motors» дар Душанбе нақлиётҳои гуногуни ин ширкат, аз қабили мошинҳои сабукраву боркаш — автомобилиҳои барқиро бо кафолат ба аҳолӣ пешниҳод менамояд.

Бояд гуфт, ки «JAC Motors» фаъолияти худро соли 1964 оғоз намудааст, ки ҳоло автомобилҳои ин ширкат ба зиёда аз 140 давлати ҷаҳон содирот мешаванд.

Бо Намояндагии ширкати «JAC Motors» созишномаи ҳамкорӣ бастем — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот