Дар озмуни БМТ соҳиби Ҷом гардидем

03.06.2024

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” дар озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор”, ки 30-уми май дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, дар номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори Ҷом гашт.

Ҷоми мазкурро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба раиси ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” Мирзосафар Сафаров дар чорабинии тантанавӣ тақдим намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки Аввалин бонки молиявии хурд ҳамеша дар саргаҳи дастгириҳои соҳаи соҳибкории занони кишвар қарор дошта, дар ин самт иқдомҳои зиёдро амалӣ мекунад.

Озмуни мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти БМТ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, ҳайати ҳакамон ва тадорукот, намояндагони шарикони рушд ва воситаҳои ахбори омма бо баргузории маросими тантанавӣ ҷамъбаст гардид.

Озмуни мазкур аз рӯйи чор номина бо мақсади таъмини иҷрои банди 32-и Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29-уми ноябри соли 2023, №545) тасдиқ шудааст, инчунин, тавсеаи дастрасии соҳибкории бонувон ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баргузор карда шудааст.

Дар ҷамъбасти озмун, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба иштирокдорони чорабинӣ барои саҳми назаррас дар рушди бомароми низоми бонкӣ ва бахши молиявии кишвар изҳори минатдорӣ намуда, барои фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно намуд.

Дар озмуни БМТ соҳиби Ҷом гардидем — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот