Ду бонуи Бонк ғолиби озмун гардиданд

22.06.2024

Дар озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон”, ки дирӯз (21-уми июн) ҷамъбаст гардид, ду бонуи Бонк — Наъматова Товус дар номинатсияи “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда” ва Иноятова Зарина дар номинатсияи “Корманди беҳтарини идораи фаръӣ (Бэк офис)” ғолиб гардиданд.

Ҷоизаи озмун шоми дирӯз дар маросими тантанавӣ дар меҳмонхонаи “Серена” ба ғолибон супурда шуд. Ҳамчунин, ба ин бонувони Бонк ҷоизаи махсус — иштирок дар тренингҳо аз ҷониби Барномаи минтақавии тиҷорати хурд (RSBP) дар Осиёи Марказии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд низ тақдим карда шуд.

Озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади кашфи занони боистеъдод ва муваффақ, ки дар соҳаи бонкдорӣ заҳмат кашида, корҳои шоиста анҷом додаанд, аз рӯйи 5 номинатсия гузаронида шуд.

Мо ин бонувони азизро барои ба даст овардани ғолибияти арзандаашон самимона табрик намуда, барояшон комёбиҳои боз ҳам беназир таманно мекунем.

Ду бонуи Бонк ғолиби озмун гардиданд — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот