Кушодашавии Мусобиқаи байналмилалии парапланеризм бо парчами Бонк

11.05.2024

Дар доманакӯҳҳои Хуррамзамини ноҳияи Данғара аз 28-уми апрел то 1-уми май Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки тими Аввалин бонки молиявии хурд — роҳбарият ва кормандон баҳри мухлисӣ ба ин доманакӯҳҳои зебо сафар карданд.

Рӯзи охир, мусобиқаро бо парчами Бонк варзишгар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндаи ҳайати ҳакамони мусобиқа — Абабакиров Рустам ҳусни оғоз бахшид.

Дар ин мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Белорусия, Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арманистон, Туркия ва ғайра байни худ қувваозмоӣ карда, парчамҳои кишвари худро боло бардоштанд.

Аввалин бонки молиявии хурд яке аз сарпарастони мусобиқаи мазкур буда, рушди варзиши парапланерӣ ва сайёҳӣ дар Тоҷикистонро ҳамеша дастгирӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки Мусобиқаи байналмилалии парапланериро Федератсияи парапланерӣ ва воситаҳои парвози сабуки Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии “Дипсервис” дар ҳамкорӣ бо як қатор мақомотҳои давлатӣ доир намуданд, ки дар он зиёда аз 100 варзишгар иштирок карданд.

 

Кушодашавии Мусобиқаи байналмилалии парапланеризм бо парчами Бонк — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот