Семинари омӯзишии БАТР оид ба рушди иқтисоди сабз

13.06.2024

Рӯзҳои 11 ва 12 июни соли 2024 намояндагони Бонк дар дарсҳои омӯзишии маҳорат ва семинари омӯзишии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон баргузор карда шуд, иштирок намуданд ва аз донишу усулҳои нав дар самти танзими хавфҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим дар бахши молиявӣ бархӯрдор шуданд.

Ин омӯзишҳо оид ба тағйирёбии иқлим ва банақшагирии давраи гузариш дар шаҳри Душанбе — дар толори Бонки миллии Тоҷикистон ва меҳмонхонаи Хилтон баргузор гардид.

Аввалин бонки молиявии хурд дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва дастгирии рушди устувор нақшгузор буда, рушди иқтисоди сабзро дар кишвар ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Семинари омӯзишии БАТР оид ба рушди иқтисоди сабз — Аввалини Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон

Ахборот